Kont Investment Bank сохтмони ду иншооти «Мовароуннаҳр»-ро ба итмом мерасонад

spot_imgspot_img

Дата:


Kont Investment Bank ба итмом расонидани сохтмони ду иншоот аз ҳашт иншоотии «Мовароуннаҳр»-ро, ки бо қарори суди ноҳияи Сино аз 20-уми май аз ҳабс озод шуданд, ба ӯҳда гирифт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, рӯзи 15-уми июл бо мақомоти раҳбарии бонк гуфтушунид анҷом дода шуда, онҳо ба зимма гирифтани анҷоми сохтмони ду иншооти манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомониро дархост намудаанд.

«Дар гуфтушунид бо намояндагони бонк шартҳои ба итмом расонидани сохтмон ва фурӯши минбаъдаи онҳо баррасӣ шуда, маълум гардид, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои ба анҷом расонидани сохтмони ин ду иншоот бонкро лозим аст тақрибан 2 млн. 300 ҳазор доллари ИМА сармоягузорӣ намояд», – иброз дошт Ёров.

Ба қавли вай, пас аз анҷоми сохтмон ҳар кадоме аз саҳҳомони ширкат тахминан 2-3 ҳазор доллари ИМА маблағҳои илдовагӣ пардохт хоҳанд намуд, зеро тӯли се соли қатъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, арзиши масолеҳи сохтмон боло рафт.

«Дар ин иншоот манзилҳое низ мавҷуданд, ки то ҳанӯз умуман молик надоранд ва ин манзилҳо бо нархи барои бонк фоидаовар фурӯхта мешаванд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, нархи 1 метри мураббаъ дар ин иншоот 800-900 доллари ИМА арзиш хоҳад дошт», – гуфт намояндаи ваколатдори саҳҳомони ширкат.

Номбурда ҳамчунин афзуд, барои ба итмом расонидани сохтмони 6 иншооти боқимонда айни замон ширкати «Мовароуннаҳр» сармоягузорон ҷустуҷӯ дорад.

Ёдрас мекунем, ки муддати беш аз 2 сол амволи ғайриманқули ширкати «Мовароуннаҳр» таҳти ҳабс қарор гирифта, дар ин муддат ҳудуди 600 нафар оилаҳо – саҳҳомони ширкат дар манзили иҷора зиндагӣ ва ба тантанаи адолат талош меварзиданд. 

Популярное

Похожие материалы