Салимов: Даъвои Ӯзбекистон оид ба бад шудани вазъи экологӣ беасос аст

spot_imgspot_img

Дата:


Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Талбак Салимов изҳор намуд, ки даъвои кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон нисбат ба кишвари мо оид ба бад шудани вазъи экологӣ дар ноҳияҳои наздимарзии ин кишвар бо Тоҷикистон беасос аст.

Аввали моҳи июни соли равон сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Латвия изҳор намуд, ки маблағи зарари расонида ба иқтисоди Ӯзбекистон аз ҷониби Ширкати алюминии Тоҷик («Талко») дар зарфи 5 соли ахир бар асари партобҳои зараровар ба фазо 447,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ӯзбекистон давра ба давра изҳор мекунад, ки аз вазъ дар сарҳад нигарон аст, зеро маводи токсикии аз корхонаи алюминии Тоҷикистон ба фазо партобшуда ба солимии аҳолии минтақаи ҷануби Ӯзбекистон таъсири манфӣ мегузорад.

«Ин масъалаи экологӣ набуда, балки сиёсӣ аст ва аз ин ҳамагон хуб огаҳем. Бо оғози идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Тоҷикистон, Ӯзбекистон ба изҳори норозигӣ шурӯъ намуд, ҳарчанд корхонаи алюминӣ муддати 40 сол аст, ки фаъолият дорад, вале қаблан чунин даъвоҳо вуҷуд надошт», – гуфт Салимов.

Ба қавли ӯ, муддати чандин сол аст, ки «Талко» бо иқтидори 50%-аш фаъолият дошта, таҷҳизоти нав барои ҳавософкуниро насб мекунад ва ҷанбаи риояи меъёрҳои экологӣ барои корхона муҳим мебошад.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони тоҷик нишондиҳандаҳои экологӣ дар минтақаи марзӣ бо Ӯзбекистонро мӯшикофона мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Тибқи маълумоти онҳо, дар ноҳияҳои Спитамену Зафаробод ва Мастчоҳу Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз меъёр зиёд мавҷуд будани маводи заҳролуд (оксиди нитроген, формальдегид, фенол) дар фазо ба мушоҳида расида, таркиби металлҳои вазнин дар обу хок 2-11 маротиба аз меъёр зиёд аст.

«Сабаби асосии ба ин сатҳ расидани нишондиҳандаҳо фаъолияти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон дар Бекободу Олмалиқ ва Оҳангарону Ангрен мебошад», – мегӯянд экологҳои тоҷик ва зикр мекунанд, ки озмоиши қаламрави таҳти таъсири корхонаи «Талко» бо дастгоҳи нав нишон додааст, ки вазъи экологӣ дар гирду атрофи корхона мусоид аст.

Дар робита ба гузаштани корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ ҷиҳати истеҳсолот, раиси Кумита қайд кард, ки тамоми ин ҷараён таҳти назорати ҷиддии экологҳо сурат мегирад ва ин ҷо ҳам барои ташвиш ҳеҷ сабабе мавҷуд нест.

«Мо аз ҳар як корхонаи саноатӣ риояи меъёрҳои экологӣ ва насби таҷҳизоти махсуси ҳавософкунро талаб менамоем, зеро бидуни он фаъолияти корхона ғайриимкон мебошад, вале на ҳама ин корро бо нияти хайр ба иҷро мерасонанд, лозим меояд, ки маҷбур кунем», – зикр кард ӯ.

Корхонаи алюминии тоҷик имрӯз бузургтарин корхонаи ҷумҳурист, ки барои истеҳсолот аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ истифода мекунад. «Тоҷиксемент низ аз тирамоҳ ба истеҳсоли семент бо истифода аз ангишт оғоз карданист, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба фаъолият бо истифодаи ангишт шурӯъ намуд. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон бисёр корхонаҳои истеҳсолие дар ҳоли бунёданд, ки ба сифати сӯзишворӣ аз ангишти маҳаллӣ истифода хоҳанд кард.

Вазъи экологӣ дар Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамчунин зикр кард, ки майдони ҷангалзори дар тавозуни кумита қарордошта ҳар сол дар ҳаҷми 2 ҳазор гектар афзоиш ёфта, имрӯз беш аз 400 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...