Сафорати Русия дигар сертификати ДСРТ-ро қабул намекунад

Тайи се моҳи ахир консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон сертификатҳои додашуда аз ҷониби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) оид ба донистани забони русӣ барои афроди хоҳишманди қабули шаҳрвандии Русия бо низоми содашударо қабул намекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз консулгарии сафорати Русия дар ҶТ хабар доданд, барои пешниҳоди сертификати мазкур ДСРТ иҷозатнома надошта, аз ин […]

Меҳрангез Турсунзода


Тайи се моҳи ахир консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон сертификатҳои додашуда аз ҷониби Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) оид ба донистани забони русӣ барои афроди хоҳишманди қабули шаҳрвандии Русия бо низоми содашударо қабул намекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз консулгарии сафорати Русия дар ҶТ хабар доданд, барои пешниҳоди сертификати мазкур ДСРТ иҷозатнома надошта, аз ин рӯ, сертификатҳои онҳо минбаъд қабул карда намешавад ва супурдани имтиҳонот барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ дар филаилаи Донигоҳи давлатии Маскав дар Тоҷикистон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, муовини ректори ДСРТ Хусрав Шанбезода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи фармони Вахзорати маориф ва илми Русия муддати 6 сол донишгоҳ имтиҳонот барои гирифтани чунин сертификатро қабул мекард ва тибқи ин фармон, донишгоҳ маркази қабули чунин имтиҳонот маҳсуб меёфт.

Ба қавли вай, қаблан ба сертификатҳои дар Тоҷикистон нашршуда эрод гирифта мешуд ва бинобар ин нишонҳои давлатии Тоҷикистон ҷиҳати нашр ба Маскав фиристода шуда, онҷо ба чоп расиданд, вале бо ин ҳама низ мушкилот ҳал нашудааст.

«Дар донишгоҳи мо панҷ нафар омӯзгори махсусе фаъолият доранд, ки дар давраи омӯзишии такмили ихтисос дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) таҷриба андӯхтаанд. Охир мантиқ бояд вуҷуд дошта бошад – дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав имтиҳон барои гирифтани сертификатро супурдан мумкин аст, ҳарчанд онҷо кафедраи забони русӣ вуҷуд надораду омӯзгорони махсус фаъолият надоранд, дар ДСРТ бошад, манъ шудааст, ҳарчанд дар мо омӯзгорони махсус дар ин самт кор мекунанд», – зикр кард Шанбезода.

Ба қавли муовини ректори ДСРТ, дар муддати ин се моҳ ягон имтиҳон барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ барпо нашудаааст. Барои гузаштан аз имтиҳони мазкур расман 300 сомонӣ пардохт намудан зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз хонандагони ОИ «Азия-Плюс» дар ин хусус чунин менависад: «Мо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандӣ тариқи низоми содашуда ба сафорати Русия муроҷиат кардем. Ба мо рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намуданд ва миёни онҳо сертификати донистани забони русӣ низ мавҷуд буд. Ҳамон ҷо ишора шуда буд, ки ин сертификатро аз ДСРТ дастрас кардан зарур мебошад. Мо 300 сомонӣ маблағ пардохт намуда, имтиҳон супоридем ва соҳиби сертификат шудем, аммо акнун ин сертификатро дар сафорати Русия дар ҶТ дигар қабул намекунанд».

Тибқи маълумоти мавҷуда, соли гузашта қариб 5 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Асосан афроде ба шаҳрвандии Русия соҳиб мешаванд, ки забони русиро хуб баладанд, қобилияту малакаҳои касбӣ доранд ва дар қаламрави Русия будубоши худро таъмин карда метавонанд. Зикр мегардад, ки ин афрод аслан табибону ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва омӯзгорон мебошанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.