ИМА ба як мактаби деҳаи ҷануби Тоҷикистон 300 нусха китоб тақдим кард

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Хониш дар хона барои кӯдакон», ки аз ҷониби Бунёди Оғо Хон амалӣ ва Агентии ИМА оид ба рашди байнулмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба мактаби таҳсилоти умумии № 2-и ноҳияи Сарбанд беш аз 300 нусха китоб тақдим карда шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Хониш дар хона барои кӯдакон», ки аз ҷониби Бунёди Оғо Хон амалӣ ва Агентии ИМА оид ба рашди байнулмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба мактаби таҳсилоти умумии № 2-и ноҳияи Сарбанд беш аз 300 нусха китоб тақдим карда шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур муоситдат ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати бедоркунии шавқмандӣ ва ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ аст.

Лоиҳа аз ҷониби ҳукумати ҶТ дар доираи тавсеъа ва таҳкими ташаббусҳои ҳукумат дар бахши рушди барвақтии кӯдакон дар 246 деҳаи ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон (Ҷиликӯл, Қумсангир, Румӣ, Ёвон, Вахш, Сарбанд, Мӯъминобод ва Ховалинг) ва 3 ноҳияи ВМКБ (Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим) дастгирӣ карда мешавад.

Зимни суханронӣ дар маросими тақдими китобҳо директори USAID дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд қайд кард, ки муддати беш аз 10 сол аст, ки дар соҳаи рушди маориф ИМА шарики фаъоли Тоҷикистону буда, ҷиҳати такмили таҷрибаи таълим ва беҳбуди натоиҷи омӯзиш кӯмаки техникӣ мерасонад.

«Дар ҳамдастӣ бо ҳукумат мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ки гурӯҳи ҳадафноки ин лоиҳа, яъне кӯдакони синнусоли томактабӣ аз натиҷаҳои хуб дар хониш бархӯрдор шаванд, то ки падару модарон ва аҳли ҷомеа дар беҳбуди имконоти кӯдакон саҳми босазо гирифта, мутолиаи китоб ба як қисмати доимии ҳаёти онҳо табдил ёбад», – таъкид дошт номбурда.

Ба гуфтаи менеҷери Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон Зулобӣ Мамадфозилов, мутолиа дар хона яке аз ташаббусҳои муҳими Бунёди Оғо Хон маҳсуб меёбад, ки ҳукуматро дар бахши дастрасӣ ба маълумоти томактабӣ дастгирӣ ва волидайну аҳли ҷомеаро ба ҷараёни таълими кӯдакон ҷалб менамояд.

Дар робита ба манфиати амалисозии лоиҳаи мазкур ва таъсири он ба мутолиаи кӯдакон раиси ноҳияи Сарбанд Қарахон Чиллаев зикр кард, ки «ғанисозии китобхона бо асарҳои нав ба волидайн дар интихоби мавод барои хониш имкони мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати омодагии кӯдакон ба мактаб таъсири мусбат хоҳад гузошт».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.