Дар нимсолаи аввал мизони таваррум 1,6%-ро ташкил дод


Дар зарфи 6 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 1,6%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 1,1%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 2,8% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 2% зиёд шуданд.

Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки моҳи июн мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 0,1% баробар шуда моҳи гузашта нархҳо ба маҳсулоти ғайриғизоӣ 1,5% афзуда, нархҳо ба маводи ғизоӣ ва тарофаҳои хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ мутаносибан ба андозаи 0,2% ва 1,5% коҳиш ёфтаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифтааст.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.

spot_imgspot_img

Популярное