Афзоиши воридоту коҳиши ҳаҷми содироти Тоҷикистон

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4 % ё худ 96,4 млн. доллари ИМА бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,3 […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4 % ё худ 96,4 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,3 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 95 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 85 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол 612,3 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 8,6%  ё худ 57,5 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. 915 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,7% ё худ 153 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 436 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – каме бештар аз 330 млн. $, Туркия – ҳудуди 305 млн. $ ва Чин – беш аз 274 млн. $-ро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пас аз рейдҳо дар саросари кишвар ҳудуди 6 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия ихроҷ мешаванд

Барои 7,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруд ба кишвар манъ шудааст.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.