Нафақахӯрро барои саркашӣ аз пардохти маблағи иҷора ба маҳкама кашиданд

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти шаҳрдории Душанбе аз суди ноҳияи Сино дархост намудааст, ки нафақахӯр Любов Маркова аз манзили давлатӣ маҳрум карда шавад. Ин амали худро мақомоти шаҳрдорӣ чунин маънидод мекунад, ки нафақахӯр манзили давлатӣ дар кӯчаи Синоро ба иҷора гирифтааст, ки соли 2010 ба ҳамсараш – собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дода шуда […]

Фирӯза Сафарова/Фаридаи Ҳайдармаҳмад


Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти шаҳрдории Душанбе аз суди ноҳияи Сино дархост намудааст, ки нафақахӯр Любов Маркова аз манзили давлатӣ маҳрум карда шавад.

Ин амали худро мақомоти шаҳрдорӣ чунин маънидод мекунад, ки нафақахӯр манзили давлатӣ дар кӯчаи Синоро ба иҷора гирифтааст, ки соли 2010 ба ҳамсараш – собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дода шуда буд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Любов Маркова хабар дод, ин манзилро ҳамчун собиқадори ҷанг ҳукумат ба ҳамсараш пешниҳод намуда, тибқи шартнома барои он онҳо ҳар моҳ бояд дар ҳаҷми 520 сомонӣ маблағи иҷорапулӣ месупориданд.

«Чун шартнома бо забони давлатӣ таҳия гардида буд, мо моҳияти онро дуруст нафаҳмида, зери он имзо ва гумон доштем, ки пас аз як соли имзои шартнома манзил моликияти мо мешавад, аммо пас аз ду сол шавҳари ман фавтида, ман дигар ба пардохти маблағи иҷорапулии манзил имкон надорам», – мегӯяд нафақахӯр.

Ба гуфтаи зан, шурӯъ аз соли 2013 иҷрочии суд ба назди ӯ омада, пардохти 7 ҳазор сомонӣ барои солҳои 2012 ва 2013-ро талаб мекунад.

«Ман соҳиби 9 фарзанд буда, як нафараш дар садамаи нақлиёт ҳалок, ду нафарашон маъюб, ду нафарашон хизматчии ҳарбӣ ва се нафарашон айни замон дар Русия кору зиндагӣ доранд ва агар маро аз хона берун кунанд, ману фаразндони маъюбам ҷойи иқомате надорем», – шикоят мекунад зан.

Дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита изҳор намуданд, ки ҳангоми имзои шартнома Любов Марпкова имкон дошт, ки маблағи манзилро пардохт намояд ва айни замон ба ӯ ҷиҳати пардохти қарз якчанд огоҳинома фиристода шудааст.

«Мо ӯро ба суд додем ва агар минбаъд низ ӯ бидуни пардохти маблағи иҷорапулӣ дар ин манзил зиндагӣ кунад, ҳаҷми қарз аз 7 ҳазор сомонӣ зиёдтар мешавад, ки ин зарар ба буҷети давлат аст», – иброз доштанд дар раёсат.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи шартнома Любов Маркова бо аҳли оилаи худ ба зиндагӣ дар ин манзил аз 1 августи соли 2010 то 1 августи соли 2011 ҳуқуқ доштанд. Маблағи солонаи иҷорапулӣ барои ин манзил 6 ҳазору 240 сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.