Мулоқоти мақомоти раҳбарии ВКД Тоҷикистону Қирғизистон

Ахири ҳафтаи гузашта як ҳайати Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон таҳти сарварии муовини аввали вазири корҳои дохилии ин кишвар Курсан Асанов ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати ВКД ҶТ таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурилло Орипов мулоқот орост. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар мулоқот масоили ҳамкории мутақобилаи вазоратҳо дар кори […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта як ҳайати Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон таҳти сарварии муовини аввали вазири корҳои дохилии ин кишвар Курсан Асанов ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати ВКД ҶТ таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурилло Орипов мулоқот орост.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар мулоқот масоили ҳамкории мутақобилаи вазоратҳо дар кори мубориза бо экстремизм, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва ғайра баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, бо дарназардошти он, ки айни замон, ҳам дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қиғизистон ислоҳоти милитсия ҷараён дорад, яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ин баррасии рафти ислоҳоти милитсия дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.