Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳи Белгия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба акнун аллакай собиқ Шоҳи Белгия Алберти II ба муносибати фаро расидани иди миллии ин кишвар табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти саарвари давлат, дар барқия изҳори итминон шудааст, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи раҳбарияти Тоҷикистон ба Белгия ба […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба акнун аллакай собиқ Шоҳи Белгия Алберти II ба муносибати фаро расидани иди миллии ин кишвар табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти саарвари давлат, дар барқия изҳори итминон шудааст, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи раҳбарияти Тоҷикистон ба Белгия ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард.

Худи ҳамин рӯз, Алберти II аз тахти шоҳӣ ба манфиати писари худ шоҳзода Филипп даст кашид. Раҳбари нави давлат ба сарқонун ва мардуми Белгия савганд ёд кард. Падари ӯ муддати 20 соли ахир кишварро сарварӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.