Санаҳои баргузории барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Тоҷикистон муайян шуданд

Маъракаи барӯйхатгирии кишоварзӣ дар қламрави Тоҷикистон Тоҷикистон аз 15-уми ноябр то 15-уми декабр баргузор мегардад. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, бо назардошти маҳдуд гаштани рафту омад дар фасли зимистон ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ гузаронидани барӯйхатгирӣ пеш аз мӯҳлати асосӣ, яъне аз 15 сентябр то 15 октябр дар ВМКБ, ноҳияҳои водии Рашт, […]

ASIA-Plus


Маъракаи барӯйхатгирии кишоварзӣ дар қламрави Тоҷикистон Тоҷикистон аз 15-уми ноябр то 15-уми декабр баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, бо назардошти маҳдуд гаштани рафту омад дар фасли зимистон ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ гузаронидани барӯйхатгирӣ пеш аз мӯҳлати асосӣ, яъне аз 15 сентябр то 15 октябр дар ВМКБ, ноҳияҳои водии Рашт, Варзоб, ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд, ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба барӯйхатгирии кишоварзӣ, сари вақт омода намудани харитаҳои шаҳрӣ то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин кор ба сомон расонида шудааст.

«Кумитаи заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни заминро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омода намуда, ба Агентӣ пешниҳод намуд, – хабар медиҳал Агентии омор. – Бо мақсади ба барӯйхатгирӣ пурра фаро гирифтани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар маҳалҳо аниқкунии рӯйхатҳои таоми истифодабарандагонии замин бо шумули муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ, фарҳанг, корхонаҳои саноатию нақлиётӣ, хизмати алоқа ва дигар муассисаҳо муайян карда шуд».

Зимнан зикр мегардад, ки ба барӯйхатгирии кишоварзӣ ҳамҷунин муассисаҳои пӯшида, ки хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ доранд, низ фаро гирифта мешаванд. «То ба имрӯз аз ҷониби Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯйхатҳо пешниҳод шудаанд», – гуфта мешавад дар маълумоти Агентӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.