Ифтитоҳи қабулгоҳи дастгирии муҳоҷирон дар Маскав

Чанде қабл дар Маскав маросими расмии ифтитоҳи қабулгоҳи ҷамъиятии Салиби Сурхи Русия барои муҳоҷирон дар назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав баргузор шуд. Дар иттилоияи интишоршуда зикр мегардад, ки ин рӯйдод марҳилаи муҳим дар рушди ҳамкориҳои Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия, Федератсияи Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Маскав маросими расмии ифтитоҳи қабулгоҳи ҷамъиятии Салиби Сурхи Русия барои муҳоҷирон дар назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав баргузор шуд.

Дар иттилоияи интишоршуда зикр мегардад, ки ин рӯйдод марҳилаи муҳим дар рушди ҳамкориҳои Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия, Федератсияи Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия оид ба ҳалли муштараки масоили дастгирии иҷтимоиву тиббӣ ва ҳуқуқии гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳамгиройии онҳо ба ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Дар маросими ифтитоҳ ба ҷуз кормандони мақомоти дахлдори зикршуда, ҳамчунин намояндагони сафоратхонаҳои Тоҷикистону Молдова, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, созмонҳои шарик, аз ҷумла Маркази ҳамгиройии «Муҳоҷират ва Қонун», Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх, Созмони байнулмилалии муҳоҷират, Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури гурезагон, Федератсияи муҳоҷирони Русия, газетаи барои муҳоҷирони ӯзбеки «Ӯзбегим» низ ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, таъсиси қабулгоҳи мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи муштараки Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия ва ва Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҳти унвони «Таҳкими дастгирии гурӯҳи бештар осебпазири муҳоҷирон тавассути беҳбуди дастрасии онҳо ба хизматгузориҳои тиббиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ» сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия, машварат оид ба ҳама гуна масоил ба муҳоҷирон дар қабулгоҳ комилан ройгон роҳандозӣ шуда, тамоми муроҷиатҳо дар доираи салоҳияти Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия ва дар ҳамкорӣ бо шарикон баррасӣ хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.