Агентии зиддифасод: Зайд Саидов ба буҷет 38 млн. сомонӣ зиён овард

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал»-и шаҳри Душанберо, ки муттаалиқ ба соҳибкор Зайд Саидов ва аҳли хонаводаи вай мебошад, дар давраи солҳои 2009-2013 ба итмом расонид. Бино ба маълумоти интишоргардида дар сомонаи расмии Агентӣ, дар ҷараёни санҷиш ҳолатҳои тасарруф, изофанависӣ ва руйпӯшкунии андоз […]

ASIA-Plus


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал»-и шаҳри Душанберо, ки муттаалиқ ба соҳибкор Зайд Саидов ва аҳли хонаводаи вай мебошад, дар давраи солҳои 2009-2013 ба итмом расонид.

Бино ба маълумоти интишоргардида дар сомонаи расмии Агентӣ, дар ҷараёни санҷиш ҳолатҳои тасарруф, изофанависӣ ва руйпӯшкунии андоз ба маблағи калон ошкор шудааст.

«Солҳои 2009-2013 ширкат дар 17 иншооти гуногун ба маблағи 369,7 млн. сомонӣ корҳои васлу сохтмониро анҷом дода, аз он аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе 4 иншоот ба маблағи 202,5 млн. сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст. Дар ин давра тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, пинҳон намудани андозҳои давлатӣ, изофанависии корҳои сохтмонӣ, кам нишон додани хароҷоти музди меҳнат, барзиёд нишон додани арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ва анҷом додани дигар амалиётҳои ғайриқонунӣ ширкат ба буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 38 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст», – зикр мегардад дар иттилои Агентӣ.

Гуфта мешавад, ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» дар иншооти «Душанбе-Плаза» дар ҳаҷми 184,8 млн. сомонӣ корҳои сохтмониро ба иҷро расонидааст.

«Санҷишҳо нишон доданд, ки сохтмончиён ҳаҷми кору хизматрасонӣ ва арзиши масолеҳҳои сохтмониро бе асос ва барзиёд нишон дода, ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ роҳ додаанд, – баён мегардад дар хабар. – Ҳамин тавр, муайян карда шуд, ки дар иншооти «Сохтмони Душанбе плаза» аз ҳисоби зиёд нишон додани нарх ва истифодаи масолеҳи пастсифати сохтмонӣ ба буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 4,7 млн. сомонӣ зиён расонида шудааст». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.