Ба донишҷӯёни Хатлон 201 квотаи иловагии президентӣ ҷудо шуд


Имрӯз дар коллеҷи омӯзгории Кӯлоб қабули донишҷӯён аз 10 ноҳияи минтақа ба макотиби олӣ тибқи квотаҳои иловагии президентӣ ба итмом мерасад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯоб Эмомалӣ Сайдамиров хабар дод, дар маҷмӯъ 201 квотаи иловагӣ ҷудо шудааст.

Ба қавли ӯ, дар ин самт ба масъалаи аз байн бардоштани мушкилоти чандинсолаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.

«Бо назардошти талабот, 140 квота ба макотиби олии гуногуни омӯзгорӣ ҷудо гардида, онҳо аслан ба ноҳияҳои зикршуда рост меоянд ва инҷо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ ва коллеҷҳои машғули кор дар мактабҳо ё маҳрум аз имкони қабул шудани ба мактабҳои олӣ бо асосҳои умумӣ афзалият дода шуд», – иброз дошт Сайдамиров.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ бо ҳамин мақсад 61 квота иловагӣ ба минтақа ҷудо кардааст.

Қобили зикр аст, ки аллакай моҳи июн тибқи квотаи президентӣ 171 нафар ҷавонону духтарони вилояти Хатлон ба номи ифтихории донишҷӯй сазовор гаштанд.

spot_imgspot_img

Популярное