Поинравии нархи бензин дар Тоҷикистон

Нимсолаи аввали соли равон арзиши бензини бештар мавриди истифодаи АИ-92 дар Тоҷикистон тақрибан 3% коҳиш ёфт. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки агар аввали сол нархи ин навъи бнзин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 6,20 сомониро ташкил медод, пас имрӯз нархи он то 5,80 барои 1 […]

Пайрав Чоршанбиев


Нимсолаи аввали соли равон арзиши бензини бештар мавриди истифодаи АИ-92 дар Тоҷикистон тақрибан 3% коҳиш ёфт.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки агар аввали сол нархи ин навъи бнзин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 6,20 сомониро ташкил медод, пас имрӯз нархи он то 5,80 барои 1 литр поин рафтааст. «Дар муқоиса бо аввали сол навъҳои гаронтари бензин низ нисбатан арзонтар шуданд», – иброз дошт вай.

Тағоймуродов зикр кард, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 183 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки 33% ё худ зиёда аз 60 ҳазор тоннаашро бензин ташкил медиҳад.

Номбурда таъкид дошт, ки 41%-и маҳсулоти нафтӣ аз Қирғизистон, каме бештар аз 40% – аз Русия, 8,73% – аз Туркманистон, 4,8% – аз Қазоқистон ва боқимонда аз кишварҳои дигар интиқол дода шудаанд. «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба бозорҳои Тоҷикистон аз ҷониби 157 субъекти хоҷагидорӣ сурат гирифта, миёни онҳо ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Анахита» ва ҶДММ «Нури Дилшод» пешсафанд», – гуфт сардори Хадамот.

Ба қавли ӯ, тайи солҳои ахир ҳиссаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар бозори воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. «Агар солҳои пешин ҳиссаи ин ширкат дар бозори мазкур беш аз 50% аз ҳаҷми умумии воридотро ташкил медод, пас имрӯз ин нишондиҳанда ба  38% баробар шудааст», – афзуд Тағоймуродов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.