Ба донишҷӯёни Хатлон 201 квотаи иловагии президентӣ ҷудо шуд

Имрӯз дар коллеҷи омӯзгории Кӯлоб қабули донишҷӯён аз 10 ноҳияи минтақа ба макотиби олӣ тибқи квотаҳои иловагии президентӣ ба итмом мерасад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯоб Эмомалӣ Сайдамиров хабар дод, дар маҷмӯъ 201 квотаи иловагӣ ҷудо шудааст. Ба қавли ӯ, дар ин самт ба масъалаи […]

Турко Дикаев


Имрӯз дар коллеҷи омӯзгории Кӯлоб қабули донишҷӯён аз 10 ноҳияи минтақа ба макотиби олӣ тибқи квотаҳои иловагии президентӣ ба итмом мерасад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯоб Эмомалӣ Сайдамиров хабар дод, дар маҷмӯъ 201 квотаи иловагӣ ҷудо шудааст.

Ба қавли ӯ, дар ин самт ба масъалаи аз байн бардоштани мушкилоти чандинсолаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.

«Бо назардошти талабот, 140 квота ба макотиби олии гуногуни омӯзгорӣ ҷудо гардида, онҳо аслан ба ноҳияҳои зикршуда рост меоянд ва инҷо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ ва коллеҷҳои машғули кор дар мактабҳо ё маҳрум аз имкони қабул шудани ба мактабҳои олӣ бо асосҳои умумӣ афзалият дода шуд», – иброз дошт Сайдамиров.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ бо ҳамин мақсад 61 квота иловагӣ ба минтақа ҷудо кардааст.

Қобили зикр аст, ки аллакай моҳи июн тибқи квотаи президентӣ 171 нафар ҷавонону духтарони вилояти Хатлон ба номи ифтихории донишҷӯй сазовор гаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.