Кӯлоб: Рӯёнидани маблағи таҳсил аз донишҷӯёни ба ҷойи кор ҳозирнашуда

spot_imgspot_img

Дата:


30 нафар донишӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки дар гурӯҳҳои буҷетӣ таҳсил кардаву соли гузашта муассисаи таълимиро хатм намуданд, аз ҳозир шудан ба ҷойи кор тибқи роҳхат саркашӣ кардаанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ректори донишгоҳ Абдулло Табаров хабар дод, дар ин робита аз болои донишҷӯён ба мақомоти судӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод гардида, аз 18 нафар донишҷӯён ба маблағи умумии 55 ҳазору 430 сомонӣ маблағи таҳсил рӯёнида шудааст ва нисбати донишҷӯёни боқимонда баррасии парвандаҳо идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, соли равон 1 ҳазору 108 нафар донишҷӯён ба имтиҳоноти давлатӣ роҳ дода шуда, 1 ҳазору 63 нафари онҳо имтиҳонотро муваффақаона супурданд. «Ҳамаи онҳо роҳхат гирфта, моҳи сентябр маълум хоҳад шуд, ки чанд нафар аз гурӯҳҳои буҷетӣ ба ҷойи кори сафарбаршуда ҳозир шудаанд», – зикр кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 8 факултаи рӯзона ва ғоибона оид ба 38 ихтисос амал мекунад. Шумори донишҷӯён айни замон 6 ҳазору 271 нафарро ташкил медиҳад. , Аз ҷумла ҳудуди 3,5 ҳазор нафар дар шуъбаи рӯзона, 3 ҳазору 757 нафар дар гурӯҳҳои буҷетии ҳарду шуъба ва тибқи квотаи президентӣ 296 нафар (175 нафар духтарон) таҳсил доранд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...