Кӯлоб: Рӯёнидани маблағи таҳсил аз донишҷӯёни ба ҷойи кор ҳозирнашуда

30 нафар донишӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки дар гурӯҳҳои буҷетӣ таҳсил кардаву соли гузашта муассисаи таълимиро хатм намуданд, аз ҳозир шудан ба ҷойи кор тибқи роҳхат саркашӣ кардаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ректори донишгоҳ Абдулло Табаров хабар дод, дар ин робита аз болои донишҷӯён ба мақомоти судӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод гардида, аз 18 […]

Турко Дикаев


30 нафар донишӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки дар гурӯҳҳои буҷетӣ таҳсил кардаву соли гузашта муассисаи таълимиро хатм намуданд, аз ҳозир шудан ба ҷойи кор тибқи роҳхат саркашӣ кардаанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ректори донишгоҳ Абдулло Табаров хабар дод, дар ин робита аз болои донишҷӯён ба мақомоти судӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод гардида, аз 18 нафар донишҷӯён ба маблағи умумии 55 ҳазору 430 сомонӣ маблағи таҳсил рӯёнида шудааст ва нисбати донишҷӯёни боқимонда баррасии парвандаҳо идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, соли равон 1 ҳазору 108 нафар донишҷӯён ба имтиҳоноти давлатӣ роҳ дода шуда, 1 ҳазору 63 нафари онҳо имтиҳонотро муваффақаона супурданд. «Ҳамаи онҳо роҳхат гирфта, моҳи сентябр маълум хоҳад шуд, ки чанд нафар аз гурӯҳҳои буҷетӣ ба ҷойи кори сафарбаршуда ҳозир шудаанд», – зикр кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 8 факултаи рӯзона ва ғоибона оид ба 38 ихтисос амал мекунад. Шумори донишҷӯён айни замон 6 ҳазору 271 нафарро ташкил медиҳад. , Аз ҷумла ҳудуди 3,5 ҳазор нафар дар шуъбаи рӯзона, 3 ҳазору 757 нафар дар гурӯҳҳои буҷетии ҳарду шуъба ва тибқи квотаи президентӣ 296 нафар (175 нафар духтарон) таҳсил доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.