Кормандони полиси зиддимухадиротии Тоҷикистон барои ҳамтоёни афғони худ давраи омӯзишӣ гузарониданд

Дар Дафтари Созмони Амнияти Хамкории Аврупо дар Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Назорати прекурсорҳо» барои 24 кормандони полис ва хадамоти марзбонии Афғонистон баргузор гардид. Кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди ҳукумати ҶТ Алишер Ташрипов ва Далер Сайфуллоев ба хайси тренерон баромад карданд. Тавре Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ин агентӣ иттилоъ медиҳад, кормандони идораи зиддимухадиротӣ ҳамтоёни […]

Аваз Юлдашев


Дар Дафтари Созмони Амнияти Хамкории Аврупо дар Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Назорати прекурсорҳо» барои 24 кормандони полис ва хадамоти марзбонии Афғонистон баргузор гардид.

Кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди ҳукумати ҶТ Алишер Ташрипов ва Далер Сайфуллоев ба хайси тренерон баромад карданд.

Тавре Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ин агентӣ иттилоъ медиҳад, кормандони идораи зиддимухадиротӣ ҳамтоёни афғони худро бо «Конвенсияхои СММ оиди назорати прекурсорҳо», «Назорати прекурсорҳо дар ҶТ», «Намудҳои прекурсорҳо», «Намудҳои иҷозатнома ва шаҳодатнома барои воридоти прекурсорҳо дар ҶТ», «Рӯйихати миллии воситахои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҶТ»,  ва «Самти истифодаи прекурсорҳо дар ҶТ» шинос карданд. 

Кормандони Оҷонсии зиддимухадиротӣ дар давраи омӯзишӣ аз асбобҳои техникии аёнӣ истифода бурданд, ки тавассути онҳо ба иштирокдорон намудҳои прекурсоҳо, усулҳои қочок, тарзи нигоҳдорӣ, намунаи иҷозатнома ва шаҳодатномаи воридотиро нишон доданд.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон таъкид мекунад, ки давраи омӯзишии мазкур баҳри такмили дониш ва малакаҳои иштирокдорон дар бахши назорати прекурсорҳо равона шудааст. Ҳамчунин баргузории чунин дарсҳои омӯзишӣ барои кормандони полиси ҶИА метавонад дар самти пешгирии қочоқи прекурсорҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши назаррас дошта бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.