Дар Суғд бори нахуст се клапани сунъии дил ба бемор пайваста шуд

Бори аввал дар Маркази ҷарроҳии дилу раги вилояти Суғд дар муддати кӯтоҳ се клапани қалби бемор бо узвҳои сунъӣ иваз карда шуд. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» табиб ва мутахассиси бемориҳои дил Кишоварз Мелибоев хабар дод, ин амалити ҷарроҳии беназирро дар дили сокини 44-солаи ноҳияи Ҷабор Расулов доктори илмҳои тибб Обид Ҳамидов гузаронидааст. Ба гуфтаи ӯ, […]

Фирдавс Муртазоев



Бори аввал дар Маркази ҷарроҳии дилу раги вилояти Суғд дар муддати кӯтоҳ се клапани қалби бемор бо узвҳои сунъӣ иваз карда шуд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» табиб ва мутахассиси бемориҳои дил Кишоварз Мелибоев хабар дод, ин амалити ҷарроҳии беназирро дар дили сокини 44-солаи ноҳияи Ҷабор Расулов доктори илмҳои тибб Обид Ҳамидов гузаронидааст.

Ба гуфтаи ӯ, бори аввал аз чаҳор се клапани дили бемор ба узви сунъӣ иваз карда шуд, ки дутояш механикӣ ва яктояш биологианд.

«Рӯзи баъдӣ, пас аз амалиёти ҷарроҳӣ, бемор гуфт, ки гӯё аз нав тавлид шудааст ва худро хеле хуб ҳис мекунад»,-иброз дошт Мелибоев. Мавсуф таъкид кард, ки бемор пайваста таҳти назорати табибон қарор хоҳад гирифт.

«Дар маркази мазкур ҳамарӯза амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар он иллатҳои гуногуни қалб бартараф карда мешаванд, анҷом меёбанд, лекин қаблан дар Тоҷикистон се клапани дил бо узвҳои сунъӣ иваз карда нашудаанд»,-гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.