Соли хониши нав дар мактабҳо видеодарсҳо ҷорӣ мешаванд


Дар Тоҷикистон барномаи таълими электронӣ таҳия шудааст, ки аз соли хониши нав толибилмон дар баробари китобҳои дарсии маъмулӣ тавассути он низ таҳсил хоҳанд кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Киромиддин Назаров иттилоъ дод, соли нави хониш ба ҳар як мактаб як комплекти видеодарсҳо дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, таҳияи барномаҳои дарси дар шакли электронӣ тақозои замони муосир аст.

«Мо шоҳиди онем, ки кӯдакон аз хурдӣ ба техникаи компютерӣ мароқ зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, бар ин назарем, ки видеодарсҳо аз ҷониби толибилмон нисбатан сабуктар қабул хоҳанд шуд. Дар диск ҳамаи барномаи таълимӣ аз синфи 1 то синфи 11 мавҷуд аст. Арзиши ин диск 44 сомонӣ мебошад», – зикр кард Назаров.

Ба қавли номбурда, ҳар як мактаб яктогӣ диск гирифта, минбаъд онҳо нусхабардорӣ барои ҳар синф ва ба хонандагон тақсим карда мешаванд. Барои ин дар тамоми 60 шаҳру навоҳии мамлакат марказҳои нусхабардории дискҳо таъсис дода шудаанд.

«Зикр менамоем, ки нусхабардории дискҳо ройгон аст. Аз ин рӯ, аз аҳолӣ дархост дорем, ки аз далелҳои фурӯши дискҳо ба хонандагон аз ҷониби мактабҳо моро огоҳ созанд», – афзуд намояндаи Вазорати маориф.

spot_imgspot_img

Популярное