«Барқи тоҷик»: Қарзи нерӯгоҳҳои Сангтӯда мувофиқи имкон пардохт мешавад

Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 дар маҷмӯъ 468 млн. сомонӣ (ҳудуди 100 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 379 млн. сомонӣ қарзи Сангтӯда-1 ва 86 млн. сомонӣ қарзи Сангтӯда-2 аст. Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Суҳроб Раҳимов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи […]

Заррина Эргашева


Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 дар маҷмӯъ 468 млн. сомонӣ (ҳудуди 100 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 379 млн. сомонӣ қарзи Сангтӯда-1 ва 86 млн. сомонӣ қарзи Сангтӯда-2 аст.

Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Суҳроб Раҳимов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи имкон ширкат ҳар моҳ дар ҳаҷми на камтар аз 10 млн. сомонӣ қарзҳои Сангтӯда-1 ва ба маблағи 4-6 млн. сомонӣ қарзҳои Сангтӯда-2-ро пардохт менамояд, ки барои пардохти музди меҳнати кормандони нерӯгоҳҳо кофӣ аст.

«Масъалаи қарз дар сатҳи вазоратҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дорад ва мо умедворем, ки ояндаи наздик онҳо комилан ҳаллу фасл хоҳанд шуд», – мегӯяд Раҳимов.

Ба қавли ӯ, чун аз аз соли 2011 дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷараёни бозсозии корхона идома дорад, масъалаи ба дӯши кадоме аз сохторҳо вогузор шудани ин қарзҳо ва минбаъд имкони эҷоди халал дар кори ин сохторҳо рӯйи кор омадааст.

Ба иттилои сардори Раёсати бозсозии ширкати «Барқи тоҷик» Уғулой Хоҷаева, масъалаи марбут ба қарзи ширкат бояд то соли 2018 – замони комилан ба анҷом расидани бозсозии ширкат ҳал шавад.

«Қарзҳои ширкат зиёданд ва мо бо ҳукумат дар ин самт кор мекунем. Агар мо ширкатро бо назардошти ин қарзҳо ба корхонаҳо алоҳида ҷудо кунем, минбаъд онҳо ба фаъолият қодир нахоҳанд буд», – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарӣ маълум шуд, ки кормандони чанде аз сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» муддати ду моҳ аст, ки музди меҳнат нагирифтаанд. «Қарз аз музди меҳнат ҳудуди 32 млн. сомониро ташкил медиҳад ва ояндаи наздик ин масъала ҳаллу фасл мешавад», – иброз дошт Раҳимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.