Соли хониши нав дар мактабҳо видеодарсҳо ҷорӣ мешаванд

Дар Тоҷикистон барномаи таълими электронӣ таҳия шудааст, ки аз соли хониши нав толибилмон дар баробари китобҳои дарсии маъмулӣ тавассути он низ таҳсил хоҳанд кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Киромиддин Назаров иттилоъ дод, соли нави хониш ба ҳар як мактаб як комплекти видеодарсҳо дода […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон барномаи таълими электронӣ таҳия шудааст, ки аз соли хониши нав толибилмон дар баробари китобҳои дарсии маъмулӣ тавассути он низ таҳсил хоҳанд кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Киромиддин Назаров иттилоъ дод, соли нави хониш ба ҳар як мактаб як комплекти видеодарсҳо дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, таҳияи барномаҳои дарси дар шакли электронӣ тақозои замони муосир аст.

«Мо шоҳиди онем, ки кӯдакон аз хурдӣ ба техникаи компютерӣ мароқ зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, бар ин назарем, ки видеодарсҳо аз ҷониби толибилмон нисбатан сабуктар қабул хоҳанд шуд. Дар диск ҳамаи барномаи таълимӣ аз синфи 1 то синфи 11 мавҷуд аст. Арзиши ин диск 44 сомонӣ мебошад», – зикр кард Назаров.

Ба қавли номбурда, ҳар як мактаб яктогӣ диск гирифта, минбаъд онҳо нусхабардорӣ барои ҳар синф ва ба хонандагон тақсим карда мешаванд. Барои ин дар тамоми 60 шаҳру навоҳии мамлакат марказҳои нусхабардории дискҳо таъсис дода шудаанд.

«Зикр менамоем, ки нусхабардории дискҳо ройгон аст. Аз ин рӯ, аз аҳолӣ дархост дорем, ки аз далелҳои фурӯши дискҳо ба хонандагон аз ҷониби мактабҳо моро огоҳ созанд», – афзуд намояндаи Вазорати маориф.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.