Экологҳои Суғд аз фаъолияти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон бонги хатар мезананд


Экологҳои вилояти Суғд таъсири манфии корхонаҳои саноатии наздимарзии Ӯзбекистон ба муҳити зист дар қаламрави вилоятро ошкор намуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Хуршед Саидов ибрози андеша кард.

«Кормандони раёсат ҳар моҳ дар 16 мавзеъи ноҳияҳои наздимарзии Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров мониторинги вазъи экологӣ доир намуда, ошкор сохтанд, ки корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба вазъи муҳити зисти ин минтақа таъсири манфӣ мерасонанд», – зикр кард ӯ.

Ба қавли Саидов, дар ноҳияи Мастчоҳ таъсири манфии корхонаи гидрометаллургии шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. «Партовҳои моеъи ин корхона ба сарбанди каме дар баландӣ воқеъ, ки зери пастии он заминҳои обёришавандаи ин ноҳия ҷойгиранд, рехта мешаванд. Ин партовҳои моеъ, ки дар таркибашон маводи зараровар, аз ҷумла металлҳои вазнин мавҷуданд, ба обҳои зеризаминии гирду атроф роҳ ёфта, дар натиҷа дар ин мавзеъ беҳосилшавии заминҳо ба мушоҳида мерасад», – зикр кард сардори раёсат.

Саидов зикр кард, ки дар шаҳри Бекободи Ӯзбекистон, ки бо ноҳияи Спитамен ҳаммарз аст, корхонаҳои гидрометаллургӣ ва истеҳсоли семент фаъолият доранд, ки ба вазъи экологии ин минтақа таъсири манфӣ мерасонанд. «Истеҳсоли семент қаламрави гирду атрофро ифлос намуда, ба солимии аҳолӣ ва вазъи хок зиён меоварад», – идома дод ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки макони партовҳои саноатии воқеъ дар ноҳияи Спитамен низ боз як омили таъсири манфӣ ба муҳити зист аст. «То ҳанӯз тамоми ҳаҷми зарари расонидашуда ба муҳити зисти вилоят аз фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвари ҳамсоя муайян нашудааст», – таъкид дошт Саидов.

spot_imgspot_img

Популярное