Корҳои таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон босуръат ҷараён доранд

Корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон босуръат ҷараён дошта, аз ҷадвали пешбинишуда 20 рӯз пешравӣ ба мушоҳида мерасад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни нишасти хабарии рӯзи 29-уми июл дар ин робита изҳор кард, ки тибқи лоиҳа ин роҳ ба роҳи дараҷаи баландтарин мансуб буда, ба сифати он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. «Соли гузашта имкон […]

Пайрав Чоршанбиев


Корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон босуръат ҷараён дошта, аз ҷадвали пешбинишуда 20 рӯз пешравӣ ба мушоҳида мерасад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни нишасти хабарии рӯзи 29-уми июл дар ин робита изҳор кард, ки тибқи лоиҳа ин роҳ ба роҳи дараҷаи баландтарин мансуб буда, ба сифати он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

«Соли гузашта имкон доштем, ки ҳудуди 12 километри ин роҳро асфалтпӯш намоем, вале аз ин кор худдорӣ кардем, то ки қишри хокии омодашуда таҳти таъсири боришот дар фасли зимистон мустаҳкамтар гардад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Ҳакимов, корҳои асфалтпӯшонӣ аз марзи Ӯзбекистон оғоз гардида, айни замон дар 8,2 километр қишри аввали асфалт хобонида шудааст. «Анҷоми корҳои таҷдиди роҳ ахири соли оянда дар назар аст», – афзуд вазир.

Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли гузашта бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд.

Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст. Баҳри таҷдиду бозсозии он 186 млн. $, аз ҷумла 120 млн. воситаҳои бурсии Бонки осиёгии рушд, 39 млн. $ маблағҳои ҳукумати Тоҷикистон ва 27 млн. $ қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҷудо гардидааст. Паймонкори кулли лоиҳа ширкати чинии «Чайна роуд» интихоб шудааст, ки аз таҷрибаи зиёди корӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор аст.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд. Тибқи нақшаи таҷдиду бозсозии роҳ, ҳудуди 300 оила ба ҷойҳои нав кӯчонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.