Тоҷикистон ба воридоти барқ аз Туркманистон умедвор аст

Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи Афғонистон комилан имконпазир аст. Ба гуфтаи ӯ, феълан сохтмони хати интиқоли барқ (ХИБ) аз Туркманистон ба Афғонистон ҷараён дорад ва имкони пайвасти ин ХИБ ба хати 220 кВ-и Сангтӯда-Пули Хумрӣ мавҷуд […]

Заррина Эргашева


Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи Афғонистон комилан имконпазир аст.

Ба гуфтаи ӯ, феълан сохтмони хати интиқоли барқ (ХИБ) аз Туркманистон ба Афғонистон ҷараён дорад ва имкони пайвасти ин ХИБ ба хати 220 кВ-и Сангтӯда-Пули Хумрӣ мавҷуд буда, барои он маблағгузорӣ зарур мебошад.

«Алҳол Тоҷикистон ба маблағгузорири сохтмони ин хат имкон надорад. Агар ХИБ-и 500 кВ Марв (Туркманистон) – Андхой (Афғонистон) ба ХИБ 220 кВ Сангтӯда- Пули Хумрӣ пайваст гардад, интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон комилан имконпазир мешавад», – иброз дошт ӯ.

Арзиши сохтмони ин хат дар қаламрави Афғонистон алҳол маълум нест, зеро ин лоиҳа ҳанӯз баррасӣ нашудааст, вале дар Тоҷикистон аҳамияти чунин лоиҳаҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Инро ба он марбут медонанд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон бар асари паст шудани маҷрои оби дарёи Вахш истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ коҳиш ёфта,  Тоҷикистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ дучор мегардад ва сабаби ҷорӣ кардани лимит низ маҳз бо ин сабаб сурат мегирад.

То соли 2009 дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон аз Туркманистону Ӯзбекистон нерӯи барқи иловагӣ мегирифт, вале баъди аз Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна хориҷ шудани Ӯзбекистон, воридоти барқ аз Туркманистону Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ғайриимкон гардид. Ӯзбекистон то ҳанӯз ба транзити нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути шабакаҳои барқии худ розигӣ намедиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.