ХСЭ: Гармии бесобиқа бидуни оқибатҳои ногувор мегузарад

Гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон то 31-уми июл идома меёбад, алҳол бидуни оқибатҳои ногувор мегузарад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Хадамоти санитариву эпидемиологӣ (ХСЭ)-и Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, хадамот мудом бо тамоми манотиқи кишвар дар тамос буда, то субҳи имрӯз дар робита ба гармии бесобиқа […]

Аваз Юлдошев


Гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон то 31-уми июл идома меёбад, алҳол бидуни оқибатҳои ногувор мегузарад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Хадамоти санитариву эпидемиологӣ (ХСЭ)-и Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, хадамот мудом бо тамоми манотиқи кишвар дар тамос буда, то субҳи имрӯз дар робита ба гармии бесобиқа ягон маълумоти ташвишовар нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати БДА ВКД ҶТ ба ронандагон боисрор тавсия дод, ки дар рӯзҳои гармии тоқатфарсо аз сафар ба манотиқи дурдасти кишвар худдорӣ намоянд. Ба эътиқоди табибону мутахассисон ва равоншиносон, дар шароити гармии беҳад ҳолати ронандагон, техника ва вазъи роҳҳо ба афзоиши ҳодисаҳои садамаи нақлиёт боис шуда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки дар рӯзҳои гармии беҳад аз соати 8 то 22 ҳаракати автомашинаҳои боркаш таавссути роҳи асфалтпӯш манъ аст, зеро дар чунин вазъ ҳаракати автомашинаҳои гаронвазн ба харобии чунин роҳҳо оварда мерасонанд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, бинобар сабаби муддати зиёд пойдор будани ҳарорати баланд ва дар назар набудани боришот, ин рӯзҳо ба вуҷуд омадани вазъҳои хатарноки сар задани сӯхтор дар ҷумҳурӣ, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, хатари тармафароӣ дар баландии 4000-4500 метр аз эҳтимол дур набуда, аз номусоидии обуҳаво барои афроде, ки вазъи солимиашон ба мутобиқати иқлим зиёд вобастагӣ дорад, интизорӣ меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.