Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Конфронси «Амнияти обӣ ва ғизоӣ – асоси рушди устувор». Оғоз соати 09:00 дар бинои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ;

– Мулоқоти президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Лойд Остин. Оғоз соати 08:30;

– Идомаи мурофиаи судии маҳбусон Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев. Оғоз соати 09:00 дар бинои СИЗО-и №2-и шаҳри Хуҷанд;

– Нишасти хабарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон. Оғоз соати 09:00;

– Нишасти хабарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон. Оғоз соати 10:00;

– Нишасти хабарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон. Оғоз соати 11:00.



Қурби асъор


1

доллари ИМА

–  4.7680

сомонӣ;


1

евро

– 6.120


8



сомонӣ;


1

рубли русиягӣ

– 0.1486

сомонӣ.



Як рӯзи таърих




1940

– Комбинати гӯшти шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.


1913

– Зодрӯзи рассоми шӯравӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Евдокия Носик.


1933-1999

– Мавлуди академик Ҳабибулло Саидмуродов.


1936

– Зодрӯзи шоир ва журналист Усмон Олим.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +41+46, дар доманакӯҳҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +30+35.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +17+22, рӯзона +32+37;  дар шарқи вилоят шабона +5+10, рӯзона +20+25.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +40+42.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +39+41.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.

spot_imgspot_img

Популярное