Тоҷикистон ба фурӯши барқ ба Қирғизистон дар фасли тобистон омода аст

Тоҷикистон расман ба Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба фурӯши нерӯи барқ дар мавсими тобистон дар ҳаҷми аз 150 то 170 млн. кВт/соат омода аст. Зимни нишасти хабарии рӯзи 29-уми июл муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол аз ҷониби Қирғизистон дар ин маврид посух нагирифтаанд. «Агар онҳо ба […]

Заррина Эргашева


Тоҷикистон расман ба Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба фурӯши нерӯи барқ дар мавсими тобистон дар ҳаҷми аз 150 то 170 млн. кВт/соат омода аст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 29-уми июл муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол аз ҷониби Қирғизистон дар ин маврид посух нагирифтаанд.

«Агар онҳо ба мо муроҷиат кунанд, хатти интиқоле мавҷуд аст, ки тавассути он метавонем то 50 мегаватт нерӯи барқро интиқол диҳем. Имрӯз Тоҷикистону Қирғизистон оид ба табодули нерӯи барқ дар мавсими зимистону тобистон қарордод доранд»,- гуфт ӯ.

Дар робита ба фурӯши нерӯи барқ номбурда зикр кард, ки айни замон Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон нерӯи барқ мефурӯшад, ки ҳаҷми интиқоли он дар нимсолаи аввали соли равон 349,7 млн. кВт/соатро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 159,4 млн. кВт/соат бештар аст.

«Нерӯи барқ ба Афғонистон тавассути хати интиқоли барқ (ХИБ)-и Сангтӯда-Пули Хумрӣ ва ХИБ 110 кВ ва 10 кВ интиқол дода мешавад. Дар хати 220 кВ арзиши нерӯи барқ 3,64 сент барои 1 кВт/соат ва дар хати 110 кВ 2,8 сентро ташкил медиҳад», – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи Қурбонов, ҷиҳати фурӯши барқ бо нархи ягонаи 3,64 сент барои 1 кВт/соат Тоҷикистон бо Афғонистон гуфтушунид дорад, вале аз он то ҳанӯз ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон 7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 264 млн. кВт/соат камтар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.