Анҷоми аксияи «Корвони солимӣ» дар вилояти Суғд

Аксияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳти унвони «Корвони солимӣ» дар вилояти Суғд дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар ҷараёни он беш аз 100 нафар табибон ройгон ба сокинони вилоят хизматгузории тиббӣ пешниҳод намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, шурӯъ аз 2-юми июл то имрӯз дар доираи аксия беш аз 20 нафар […]

ASIA-Plus


Аксияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳти унвони «Корвони солимӣ» дар вилояти Суғд дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар ҷараёни он беш аз 100 нафар табибон ройгон ба сокинони вилоят хизматгузории тиббӣ пешниҳод намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, шурӯъ аз 2-юми июл то имрӯз дар доираи аксия беш аз 20 нафар аз ҷониби профессорони пойтахт ройгон ҷарроҳӣ шуданд, ки дар ин кор мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо кӯмак расониданд.

«Дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ашт, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод машваратҳои тиббӣ ва ҷарроҳиҳо гузаронида шуда, чорабинӣ фардо, 3-юми июл дар Исфара ба итмом мерасад», – гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Дар Вазорати тандурустӣ зикр карданд, ки ба ҳайати «Корвони солимӣ» мутаххассисони соҳибкасб аз ҳисоби табибони варзида, кормандони ғайриштатии вазорат, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи омодагии баъдидипломии кадрҳои тиббии ҶТ шомиланд.

Зимнан зикр гардид, ки аксияи «Корвони солимӣ» нимаи моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, қаблан дар шаҳри Душанбеву вилоятҳои Хатлону ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ низ баргузор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.