Вазири маориф: Маъюбон бе ҳеҷ монеа донишҷӯ мешаванд (видео)

Вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба Хабаргузории  « Азия-Плюс »  изҳор дошт, ки маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм дар Тоҷикистон бе ҳеҷ мушкилӣ метавонанд донишҷӯ шаванд. Дар ҳошияи баргузории Анҷумани чаҳоруми ҳифзи кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 1-3 август бо ибтикори Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазири […]

Аҳлиддин Салимов


Вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба Хабаргузории 



«



Азия-Плюс



»



 изҳор дошт, ки маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм дар Тоҷикистон бе ҳеҷ мушкилӣ метавонанд донишҷӯ шаванд.

Дар ҳошияи баргузории Анҷумани чаҳоруми ҳифзи кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 1-3 август бо ибтикори Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазири маориф дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки чунин маъюбон зимни дохилшавӣ ба муассисоти таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ аз имтиёзҳо бархурдоранд:

– Хонандагоне, ки маъюби гурӯҳҳои якум ва дуюм ҳастанд, тибқи қонунгузории ҶТ ва асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, аз рӯйи қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидодии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахусус мехоҳам қайд кунам, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе озмун, дар доираи холҳои гирифтаашон донишҷӯ мешаванд. Ин чунин маънӣ дорад, ки агар 

«

нол

»

 хол нагирад, вай ҳатман донишҷӯ аст.

Вазири маориф дар мавриди маъюбони гурӯҳи сеюм гуфт, ки барояшон ба андозаи гурӯҳҳои якум ва дуюм имтиёз пешбинӣ нашуда бошад ҳам, онҳо метавонанд берун аз озмун донишҷӯ шаванд.

– Маъюбон зери назорат ва ҳимояти Ҳукумати ҶТ, бахусус, президент ҳастанд. Бинобар ин, ҳар касе муроҷиат мекунад, мо ҳатман муроҷиати онҳоро меомӯзем ва кӯшиш мекунем, ки дар амал татбиқи худро ёбад. То имрӯз ягон маъюб аз ин маърака ҳанӯз шикоят накардааст, – изҳор дошт Саидов.

Дар идомаи сӯҳбат Нуриддин Саидов оид ба фароҳамсозии шароит барои осон кардани вуруд аз даромадгоҳ ва ҳаракати маъюбон дар дохили биноҳои муассисоти таълимӣ, инчунин аз ҷониби вазорати маориф бо дастгоҳҳои зарурии омӯзишӣ 

таъмин шудани


 


шахсони дорои маълулият ибрози назар кард.


Нуриддин Саидов

from

AsiaPlus

on

Vimeo

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.