Дар пешорӯи Иди Рамазон раиси шаҳри Хуҷанд бо вазъи зиндагии собиқадорон ва афроди барӯманди шаҳр аз наздик ошно гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба аёдати омӯзгори собиқадор Хақиқатхон Насруллоеваи 88-сола, рассом ва дӯзандаи моҳир Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Зулфия Баҳриддиноваи 92-сола , Кахрамонмодар , нахустин тракторчизани вилоят соҳиби 110 набера ва абера Рафоат Насимоваи 90-сола, омӯзгор, собиқадори меҳнат Аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шуравӣ Мақсудахон Қосимоваи 80-сола рафтааст.
Раиси шаҳри Хучанд онҳоро аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва маҳсулоти ғизойӣ супурд.
Дар ҳамин ҳол, аз 3 то 9-уми август ба муносибати Иди Рамазон беш аз 1 ҳазор оилаҳои ниёзманд, маъюбону ятимон, пиронсолони яккаву танҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз кӯмаки яквақтаи раиси вилояти Суғд, ки аз маҳсулоти ғизойӣ иборат аст, баҳраманд хоҳанд шуд.



