Ошкор шудани ҷиноятҳои нави роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи қаблан боздоштшуда

Зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ошкор шудааст, ки роҳбари гурӯҳӣ ҷиноятпешаи аввали моҳи июни соли гузашта боздоштшуда, сокини 38-солаи ноҳияи Панҷ Шералӣ Адҳамов дар куштори шаҳрвандони Қирғизистон низ даст доштааст. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Шералӣ Адҳамов тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон Сапаралӣ Аканов, Давранбек Қаюмов ва […]

ASIA-Plus


Зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ошкор шудааст, ки роҳбари гурӯҳӣ ҷиноятпешаи аввали моҳи июни соли гузашта боздоштшуда, сокини 38-солаи ноҳияи Панҷ Шералӣ Адҳамов дар куштори шаҳрвандони Қирғизистон низ даст доштааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Шералӣ Адҳамов тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон Сапаралӣ Аканов, Давранбек Қаюмов ва шахси ба тафтишот номаълум бо номи Эркинҷон 5-уми сентябри соли 2005 ба манзили истиқоматии шаҳрванди Қирғизистон Жунусов Абдуалими 46-сола даромада, бо истифода аз яроқи оташфишон ӯро бо муҳофизаш Санҷарбек Абдиев парронда ба ҳалокат расонидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июни соли 2012 дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ

як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт шуд

, ки аъзои он ахиран ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору амалҳои террористӣ даст зада буданд.

Пешвои гурӯҳ шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Шералӣ Адҳамов буда, аъзои гурӯҳ зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд. Ҳеҷ яке аз кормандони милиса осеб надид. Амалиёти боздошти гурӯҳ дар зодгоҳи Ш.Адҳамов – деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ гузаронида шуд. Ҳамроҳи пешвои гурӯҳ боз се нафар ҳаммаслакони ӯ низ дастгир гардиданд.

Дар ҷойи истиқоматии Ш. Адҳамов ду адад автомати тамғаи Калашников, ду норинҷак, 800 дона тир, 15 адад телефони мобилӣ, 103 адад симкарта, як адад воситаи мухобира дигар таҷҳизоти ҳарбӣ, якчанд автомашинаҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада, миқдори ниҳоят калони маводи мухаддир ва ҳуҷҷатҳое, ки аз содир шудани ҷиноят шаҳодат медиҳанд, ёфт ва мусодира карда шуд.

Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ зикр карда буданд, ки амалиёти мазкур дар ҳамдастӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.