Пеш аз Иди Фитр мири Хуҷанд собиқадоронро аёдат кард

Дар пешорӯи Иди Рамазон раиси шаҳри Хуҷанд бо вазъи зиндагии собиқадорон ва афроди барӯманди шаҳр аз наздик ошно гардид. Тавре аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Каримов ба аёдати  омӯзгори собиқадор Хақиқатхон Насруллоеваи 88-сола,  рассом ва дӯзандаи моҳир Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд,   Зулфия Баҳриддиноваи 92-сола ,  Кахрамонмодар […]

Мавлуда Рафиева


Дар пешорӯи Иди Рамазон раиси шаҳри Хуҷанд бо вазъи зиндагии собиқадорон ва афроди барӯманди шаҳр аз наздик ошно гардид.

Тавре аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Каримов ба аёдати  омӯзгори собиқадор Хақиқатхон Насруллоеваи 88-сола,  рассом ва дӯзандаи моҳир Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд,   Зулфия Баҳриддиноваи 92-сола ,  Кахрамонмодар , нахустин тракторчизани вилоят соҳиби 110 набера ва абера  Рафоат Насимоваи 90-сола, омӯзгор, собиқадори меҳнат Аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шуравӣ Мақсудахон Қосимоваи 80-сола рафтааст.

Раиси шаҳри Хучанд онҳоро аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва маҳсулоти ғизойӣ супурд.

Дар ҳамин ҳол, аз 3 то 9-уми август ба муносибати Иди Рамазон беш аз 1 ҳазор оилаҳои ниёзманд, маъюбону ятимон, пиронсолони яккаву танҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз кӯмаки яквақтаи раиси вилояти Суғд, ки аз маҳсулоти ғизойӣ иборат аст, баҳраманд хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.