Пешвои «Яблоко» бозгашти марзбонони Русия ба Тоҷикистонро пешниҳод кард

Номзад ба мансаби мири шаҳри Маскав, пешвои ҳизби муттахидаи демократии «Яблоко» Сергей Митрохин бозгашти марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро пешниҳод намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар мулоқот бо намояндагони Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ ба саволи марбут ба ҷорӣ намудани тартиби раводид бо кишварҳои узви ИДМ, Митрохин изҳор намудааст, ки ин тадбир беҳуда […]

ASIA-Plus


Номзад ба мансаби мири шаҳри Маскав, пешвои ҳизби муттахидаи демократии «Яблоко» Сергей Митрохин бозгашти марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро пешниҳод намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар мулоқот бо намояндагони Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ ба саволи марбут ба ҷорӣ намудани тартиби раводид бо кишварҳои узви ИДМ, Митрохин изҳор намудааст, ки ин тадбир беҳуда аст, зеро марзи Русия бо ин кишварҳо айни замон шаффоф буда, убури посгоҳҳои камшумор кори душворе нест.

«Барқарор сохтани ҳузури контингенти нерӯҳои марзбонии Русия дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ва шояд сарҳади миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро ман тадбири муҳимтар мешуморам.Барои ин аввал, дубора барқарор кардани фаъолияти марзбони рус дар сарҳад ва имзои созишнома бо Тоҷикистон дар бораи бозгашти марзбонони рус ба соҳилҳои дарёи Панҷ зарур аст», – иброз доштааст номбурда.

Ба андешаи ӯ, ҳузур надоштани чунин нерӯи низомӣ дар марз бо Афғонистон таҳдиди имконпазири бузург барои Русия аст. «Пас аз хурӯҷи нерӯҳои марзбонӣ ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир тариқи ин марз босуръат афзуд. Соли оянда ИМА нерӯҳои низомиашро аз Афғонистон хориҷ карданист, ки метавонад ба замони қасосгирии толибон табдил ёбаду ба ҷараёни бузурги гурезагон аз ин кишвар тариқи марзҳои осиёимиёнагӣ ба Русия боис гардад. Ҳамроҳ бо гурезагон террористону дигар ҷинояткорон низ меоянд», – шарҳ додааст мавқеи худро Митрохин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.