Сайёҳи дар кӯҳ ҷароҳатбардоштаи рус ба Душанбе расонида шуд

spot_imgspot_img

Дата:


– Сайёҳи рус Александр Берёзкин, ки санаи 1-уми август дар назди пиряхи Сурган (баландиаш 5 ҳазор метр) дар Тоҷикистон аз ронаш ҷароҳат гирифт, рӯзи якшанбе тариқи чархбол ба бемористони шаҳри Душанбе оварда шуд, – иттилоъ дод ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод.

Ба қавли ӯ, айни замон як гурӯҳи сайёҳони рус таҳти роҳбарии Алексей Соломонов дар кӯҳҳои Тоҷикистон қарор дошта, Берёзкин низ ба ҳайати ин гурӯҳ шомил будааст.

Эгамзод бо такя ба гуфтаҳои ҳамсари роҳбари гурӯҳ Анастасия Павлова иброз дошт, ки вақте бо Берёзкин ин ҳодисаи нохуш рух медиҳад, миёни ширкатҳои сайёҳиву суғуртаи Тоҷикистону Русия сари масъалаи ба дӯши кадоме аз онҳо вогузор будани масъулият баҳс сурат мегирад.

«Ба ҷабрдида бошад, кӯмаки тиббӣ ва интиқол ба Душанбе зарур буд. Дар робита ба ин ҳамсари роҳбари гурӯҳи сайёҳон ҷиҳати кӯмак ба сафоратхонаи ҶТ дар Русия муроҷиат кард», – зикр кард ӯ.

Эгамзод таъкид кард, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда барои кӯмак ба ҳалли ин масъала Павлова ба таври хаттӣ ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ муроҷиат кардааст.

Рӯзи якшанбе ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав бо мазмуни зайл аз Павлова нома расидааст: «Барои кӯмак ва дастгирӣ дар ин лаҳзаи душвор аз самими дил изҳори миннатдорӣ мекунам. Дархост мекунам, ки ба тамоми кормандони сафорат ва ВКХ Тоҷикистон миннатдории бепоёни маро расонед. Ба туфайли кӯмаки шумо, соати 5-и субҳи имрӯз як чархбол барои интиқоли Берёзкин сафарбар шуда, ӯро соати 9-и субҳ ба бемористони Душанбе расониданд. Бахусус мехоҳам саҳми шуморо таъкид кунам, суханони Шумо ба ман нерӯву илҳоми тоза бахшиданд».

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...