Прокуратура аз Зойиров шарҳи изҳорот оид ба рӯйдодҳои Хоруғро дархост намуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дархост намуд, ки ба як қатор саволҳо оид ба изҳороташ дар робита ба солгарди рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ посух гӯяд. Дар изҳороти номбурда Зойиро рӯйдодҳои Хоруғро террори давлатӣ нисбати аҳолии осоишта унвон карда буд. Ба қавли Зойиров, асосан атрофи мавзӯи изҳорот оид ба рӯйдодҳои Хоруғ […]

ASIA-Plus


Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дархост намуд, ки ба як қатор саволҳо оид ба изҳороташ дар робита ба солгарди рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ посух гӯяд. Дар изҳороти номбурда Зойиро рӯйдодҳои Хоруғро террори давлатӣ нисбати аҳолии осоишта унвон карда буд.

Ба қавли Зойиров, асосан атрофи мавзӯи изҳорот оид ба рӯйдодҳои Хоруғ ва маводи КДАМ дар бораи фаъолияти ҳизбии ӯ суҳбат шудааст.

«Онҳо ҳудуди 15 савол тартиб додаанд, ки ман бояд ба онҳо посух мегуфтам ва шарт чунин буд, ки ман бидуни хориҷ шудан аз Прокуратураи генералӣ дларҳол ба онҳо ҷавоб диҳам. Ман ба онҳо гуфтам, ки ба ҳамаи саволҳои хаттӣ посух мегӯям. Замони онҷо қарор доштан ман ба 4 савол ҷавоб додам ва ба саволҳои боқимонда рӯзи душанбе посух мегӯям», – иброз дошт сиёсатмадор ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дарҳол пас аз берун омадан аз бинои Прокуратураи генералии ҶТ.

Ӯ таъкид дошт, ки кормандони Прокуратураи генералӣ нисбаташ рафтори хуб доштаву боэҳтиром муносибат кардаанд. «Ман аз онҳо дархост кардам, ки рӯзи душанбе маро бо компютер таъмин кунанд, то ки посухҳоямро дар он барчинда, чоп ва сипас ба зери ҳар саҳифааш имзо гузорам», – зикр кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи солгарди рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ, рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Раҳматилло Зойиров ба унвони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳороте пахш карда, аз сарвари давлат даъват намуд, ки рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ аксияи террори давлатӣ эътироф гардида, гунаҳкорон муҷозот ва санаи 24-уми июл Рӯзи ёдбуди ҳамаи ҷабрдидагон аз таъқиб ва амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ эълон карда шавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Раҳматилло Зойиров алҳол ягона шахсест, ки ба пешбарии номзадиаш ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.