«Тоҷикстандарт»: Маҳсулоти Roshen ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ аст

– Ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ва берун рафтан аз меъёрҳои сифату бехатарӣ дар маҳсулоти ширкати Roshen дар Тоҷикистон ошкор нашуд, – иттилоъ дод муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбонов. Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби «Роспотребнадзор»-и Русия манъ шудани воридоти маснӯоти қаннодии ширкати Roshen ба қаламрави ин кишвар бинобар сабаби мавҷудияти бензопирен (маводи дараҷаи аввали хатарнокӣ) […]

ASIA-Plus


– Ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ва берун рафтан аз меъёрҳои сифату бехатарӣ дар маҳсулоти ширкати Roshen дар Тоҷикистон ошкор нашуд, – иттилоъ дод муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбонов.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби «Роспотребнадзор»-и Русия манъ шудани воридоти маснӯоти қаннодии ширкати Roshen ба қаламрави ин кишвар бинобар сабаби мавҷудияти бензопирен (маводи дараҷаи аввали хатарнокӣ) дар он, «Тоҷикстандарт» маҳсулоти ин ширкатро мавриди санҷиш қарор додааст.

«Маҳсулоти воридшуда ба Тоҷикистионро мо ҳамеша санҷида, ҳеҷ гоҳ дар маҳсулоти ин ширкат камбудиҳо ба мушоҳида нарасидаанд ва маҳсулот ба асноди меъёрии Тоҷикистон мутобиқат мекунад. Пас аз пайдо шудани хабарҳои зиёд дар ВАО, бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ мо дубора маҳсулоти ин ширкатро санҷидем, вале аз он навиштаҳои ВАО-и Русия чизе тасдиқ нагардид», – зикр кард И.Қурбонов.

Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки «баҳси атрофи Roshen – бозии сиёсӣ миёни Украинаву Русия аст». «Роспотребнадзор» чандин маротиба воридоти маҳсулоти моро низ ба Русия манъ карда буд ва ҳамеша ин бо мақсадҳои сиёсӣ сурат мегирифт», – афзуд намояндаи «Тоҷикстандарт».  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.