Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик бар дастаи Қирғизистон

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Бишкеку Канти кишвари ҳамсояи Қирғизистон мусобиқоти анъанавии байнулмилалии футболи «Ҷоми Дӯстӣ-2013» миёни наврасон (U-16) оғоз гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрии нахустин футболбозони навраси Тоҷикистион бо тими мизбон – дастаи Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби бузурги 7 бар 2 дастболо шуданд. Ба бозигари дастаи […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Бишкеку Канти кишвари ҳамсояи Қирғизистон мусобиқоти анъанавии байнулмилалии футболи «Ҷоми Дӯстӣ-2013» миёни наврасон (U-16) оғоз гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрии нахустин футболбозони навраси Тоҷикистион бо тими мизбон – дастаи Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби бузурги 7 бар 2 дастболо шуданд. Ба бозигари дастаи ҷавонони «Вахш» (Қӯрғонтеппа) Худойдод Узоқов муяссар шуд, ки ба дастаи ҳариф 4 тӯб ворид намояд. Тӯбҳои дигари дастаро тарбиятгирандагони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Рустам Толибов ва Собирҷон Гулков ва бозигари ҳайати ҷавонони дастаи «Равшан» (Кӯлоб) Муҳаммадҷони Ҳасан ба самар расониданд.

Гуфта мешавад, вохӯрии дуюмро дасти Тоҷикистон бо тими «Озарбойҷон» имрӯз, 5-уми август баргузор мекунад. Дар даври аввал футболбозони навраси озарбойҷонӣ бо ҳисоби 5 бар 3 бар дастаи Белорус ғолиб омаданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.