Эмомалӣ Раҳмон Ҳасани Рӯҳониро ба Тоҷикистон даъват кард

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 4-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вориди шаҳри Теҳрон шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз чанд лаҳзаи ба шаҳри Теҳрон расидан сарвари давлати Тоҷикистон президенти нави Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот намуд. Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus


Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 4-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вориди шаҳри Теҳрон шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз чанд лаҳзаи ба шаҳри Теҳрон расидан сарвари давлати Тоҷикистон президенти нави Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот намуд.

Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон Ҳасани Рӯҳониро бори дигар ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Эрон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо мекунанд.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкатҳои эронӣ фаъолияти пурсамар доранд ва раванди воридшавии сармояи мустақими эронӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо рӯй ба густариш дорад.

Ҳавасмандии устувор ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ, нафт ва хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.

Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника, маориф ва фарҳанг низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонитсон ва ҳамгироӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳасани Рӯҳонӣ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳасани Рӯҳонӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфта, таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Сипас дар шаҳри Теҳрон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ иштирок намуд.

Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 11 нафар роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба ҳам омаданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.