Ба иттилои дафтраи матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ, вазорат тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик аттестатсияи ғайринавбатии роҳбарият, мудирони шӯъбаҳо ва ҳамшираҳои калони Маркази миллии тиббиро оид ба мутобиқат ба вазифаи ишғолнамудаашон баргузор намуда, ҷо ба ҷо гузории минбаъдаро тавассути озмун ба роҳ монад.
Ин иқдоми вазоратро боздошти Илҳом Носиров, мудири шӯъбаи эҳёи дармонгоҳи Қарияи боло бо гумони ришваситонӣ боис шудааст.
«Ғайр аз он, дар вазорати тандурустӣ барномаи зиддикоррупсионии соҳаи мазкур барои солҳои 2013-15 таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷроиш ба тамоми ташкилоту муассисаҳои зертобеяш ирсол гардидааст»,-зикр кард манбаъ.



