ВКХ-и Олмон ба шаҳрвандонаш тавсия медиҳад, ки аз марзи Тоҷикстону Афғонистон дурӣ ҷуянд

Вазорати корҳои хориҷаи Олмон ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳад аз сафар кардан ба навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон худдорӣ варзанд. Ба иттилои Deutsche Welle, Вазорати корҳои хориҷаи Олмон вазъи кишварҳои мухталифро мунтазам зери назорат қарор медиҳад ва дар сурати хатари баланд дар сомонаи расмии худ роҷеъ ба худдорӣ аз мусофират изҳорот пахш мекунад. Чунин изҳорот […]

Азия-Плюс



Вазорати корҳои хориҷаи Олмон ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳад аз сафар кардан ба навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон худдорӣ варзанд.







Ба иттилои Deutsche Welle, Вазорати корҳои хориҷаи Олмон вазъи кишварҳои мухталифро мунтазам зери назорат қарор медиҳад ва дар сурати хатари баланд дар сомонаи расмии худ роҷеъ ба худдорӣ аз мусофират изҳорот пахш мекунад. Чунин изҳорот танҳо дар сурати мавҷудияти таҳдид ба саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандони Олмон пахш мешавад.


Вазорат  ба шаҳрвандонаш ҳамчунин тавсия додаст, ки дар Украина ҳам шабона бо мошин  ба  роҳ набароянд, зеро роҳҳо дар баъзе ҷойҳо то андозае вайронанд, ки дучори садамаи роҳ шудан имкон дорад. Аммо ба олмониҳое, ки айни замон дар Русия ҳастанд, хабар дода мешавад, ки дар якчанд манотиқи ин давлат эҳтиёткор бошанд. Тавсия мешавад, аз сафар ба Ингушистон, Чеченистон, Доғистон, Осетияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Кабардино-Балкария худдорӣ варзанд.




Ба ишораи ВКХ-и Олмон, дар ин ҷумҳуриҳо бино ба ҳамалоти террористӣ, даргириҳои мусаллаҳона, рабудани одамон бо мақсади бозхарид, ҳамчунин шиддат гирифтани ҷинояткорӣ ба амнияти сайёҳон таҳдид мекунад.




Бино ба мулоҳизоти тиббӣ, сафар ба шаҳри Челябинск ва гирду атрофи он тавсия дода намешавад, зеро сатҳи радиатсия дар ин минтақа хеле баланд аст. Ҳамчунин ба густариши басе фарохи СПИД (ВМНБ) ишора карда мешавад.




Ниҳоди мазкур чанд кишвари дигарро хам ба қатори кишварҳои хатарнок ворид кардааст, аз ҷумла Сурия, Афғонистон, Ироқ ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.