Баррасии масоили омодабинӣ ба Конфаронси Душанбе оид ба об дар қароргоҳи СММ

Бо ибтикори Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ 5 августи соли 2013 дар қароргоҳи СММ дар Ню₋Йорк брифинг роҷеъ ба раванди омодагӣ ба Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20¬-21 августи 2013) баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз сад кишвари узв ширкат карданд.   Тавре департаменти иттилооти ВКХ-и Тоҷикистон […]

Азия-Плюс


Бо ибтикори Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ 5 августи соли 2013 дар қароргоҳи СММ дар Ню₋Йорк брифинг роҷеъ ба раванди омодагӣ ба Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20¬-21 августи 2013) баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз сад кишвари узв ширкат карданд.

 

Тавре департаменти иттилооти ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, чорабиниро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо маълумоти умумӣ дар бораи сохтори конфронс ва барномаи он, шарту шароити иштирок, ҳайати Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи конфронс ва фаъолияти он, теъдоди ҳайатҳое, ки ширкаташонро таъйид кардаанд, шинос намуд.

Зимнан зикр гардид, ки  конфронси Душанбе яке аз муҳимтарин чорабиниҳоест, ки дар татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»  мебошад, ки моҳи декабри соли 2012 якдилона қабул гардида буд.

Тибқи иттилои интишоршуда, муовини Дабири кулли СММ, Мушовири вижаи Дабири кулл дар умури Африқо ҷаноби Маҷид Абдулазиз дар бораи аҳамияти Конфронси Душанбе барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва дастгирии васеи ниҳодҳои СММ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, Дафтари масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, Дафтари мушовири Дабири кулл дар умури Африқо дар баргузор кардани Конфронс сухан гуфт.

Мавсуф инчунин нақши Конфронсро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Африқо, ки мушкилоти сангинро дар ин самт мувоҷеҳ аст, баланд арзёбӣ кард.

Ҷаноби Кензо Ҳирокӣ, намояндаи Маркази байналмилалии мудирияти офатҳо ва хатарҳои марбут ба об (International Center for Water Hazards and Risk Management) ва узви Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронс, дар бораи барномаҳои мизҳои мудаввари сатҳи баланд ва чорабиниҳои вижае, ки дар чаҳорчӯби Конфронс баргузор мегарданд, гузориши муфассал дод. 

Мудири Пажуҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи СММ ва узви Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронс доктор Зафар Одил дар бораи раванди таҳия ва қабули санади ниҳоии Конфронс ва дигар асноди хотимавӣ, аз ҷумла хулосаҳои мизҳои мудаввари сатҳи баланд ва чорабиниҳои вежа гузориш дод. Мавсуф аз ҳайатҳои кишварҳои узв даъват кард, ки фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳояшонро ба матни асноди хотимавии Конфронс пешниҳод намоянд.

Намояндагони Барномаи рушди СММ ҷаноби Ян Ҳарфст ва Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ҷаноби Пол Эгертон дар бораи ширкати созмонҳои мазкур дар тадорукоти мизҳои мудаввари мухталиф дар чаҳорчӯби Конфронс суханронӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.