Талоши духтари 22 –сола ҷиҳати интиқоли миқдори калони ҳероин

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ талоши навбатии ба қаламрави ФР ворид кардани миқдори калони ҳероинро қатъ карданд Тавре дар Хадамоти гумрук ба «АП» иттилоъ доданд, аснои азназаргузаронии гумрукии мусофироне, ки аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз мекарданд,  як духтари 22-сола бо гумони муомилаи ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир шуд. «Аснои тафтиши шахсӣ дар борхалтаи ӯ нихонгоҳ […]

Азия-Плюс


Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ талоши навбатии ба қаламрави ФР ворид кардани миқдори калони ҳероинро қатъ карданд

Тавре дар Хадамоти гумрук ба «АП» иттилоъ доданд, аснои азназаргузаронии гумрукии мусофироне, ки аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз мекарданд,  як духтари 22-сола бо гумони муомилаи ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир шуд.

«Аснои тафтиши шахсӣ дар борхалтаи ӯ нихонгоҳ пайдо мегардад, ки дар дохили он миқдори моддаҳои рангашон сафед ҷой дода шуда будаанд. Тибқи натиҷаи таҳлили лабораторӣ муайян карда шуд, ки моддаи мусодирагардида ҳероин буда, вазнаш наздики 3,5 кг-ро ташкил медиҳад», -зикр кард манбаъ.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки онро додситонии нақлиётӣ мавриди тафтиш қарор додааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки аз оғози сол кормандони гумрук беш аз 7 килограмм маводи сахттаъсири ҳероин мусодира намудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.