Сементзаводи калони Ёвон дар охири август пурра ба кор шурӯъ мекунад

spot_imgspot_img

Дата:


Корхонаи истеҳсоли семент, ки иқтидораш ба 1 млн. тонна семента дар як со ласт, дар охири моҳи август ба кор шурӯъ мекунад.



Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати энергентика ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, дар корхона, ки сохтмонаш тирамоҳи соли 2011 оғоз гардида буд, танҳо танзими кори он боқӣ мондаасту халос.

«Корхона пурра бо дастгоҳҳое, к ибо ангишт кор мекунанд, таҷҳизонида шудааст. Технология пурра ба сифати истеҳсоли сементи Хитой бутобиқат карда, меъёрҳои экологирориоят мекунад», – қайд карданд дар вазорат.

Дар вазорат таъкид сохтанд, ки корхонаи нави муштараки истеҳсоли сементи Ёвон «Хуаксин Ғаюр Семент» дар якҷоягӣ бо корхонаи тоҷикии «Ғаюрсемент» ва ширкати хитоии «Хуаксин Централ Эйша Инвестмент» созмон дода шудааст. Барои сохтмони ва таҷҳизонидани он $100 млн. маблағ сарф шуда, теъдоди ҷойҳои кориаш ба 1 ҳазор мерасад.

Корхонаи мазкур яке аз корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон пас аз «Тоҷиксемент» мешавад. Аммо бо назардошти он, ки «Тоҷиксемент» бо иқтидори пурра фаъолият надошт ва аз ноябри соли 2012 бо сабаби набудани гази табиӣ корро қатъ кард, интизор меравад, ки корхонаи нави истеҳсоли семент дар Тоҷикистон пешқадам мешавад.

Популярное

Похожие материалы