Дар бозори Хоруғ сӯхтор ба амал омад

Дар бозори «20-солагии истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ сӯхтор сар зад. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Сарраёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ доданд, соҳибкорон бо қувваи худ кӯшиши хомӯш кардани оташро кардаднд. Аз ин рӯ ба хадамот танҳо пас аз 40 дақиқаи сар задани сӯхтор, соати 14:50, хабар доданд. «Бо ҳамин сабаб замони ба ҷойи […]

Азия-Плюс


Дар бозори «20-солагии истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ сӯхтор сар зад.



Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Сарраёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ доданд, соҳибкорон бо қувваи худ кӯшиши хомӯш кардани оташро кардаднд. Аз ин рӯ ба хадамот танҳо пас аз 40 дақиқаи сар задани сӯхтор, соати 14:50, хабар доданд.

«Бо ҳамин сабаб замони ба ҷойи ҳодиса расидани мошинҳои оташнишонӣ аллакай 800 метри мураббаи бозор ба коми оташ рафта буд ва дар маҷмӯъ моли 100 нуқтаи савдо сӯхт», – қайд кард сарчашма.

Дар хадамот иттилоъ доданд, ки ба ҷойи ҳодиса чор мошини оташнишонӣ сафарбар шуданд, ки дар натиҷаи корҳои фаврӣ паҳншавии минбаъдаи оташ пешгирӣ шуда, дар дваоми 3 соат он пурра хомӯш карда шуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, зарари сӯхтор ба 600 ҳазор сомонӣ мувофиқ аст. Ба миқдори 2 млн. сомонӣ моли савдошаванда халос карда шуд . Сабабҳои сӯхтор тафтиш карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.