Зайд Саидов аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хоҳиш кардааст, ки бо ӯ вохӯрад

Соҳибкори шинохтаи тоҷик Зайд Саидов, ки айни замон дар боздошгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикитон Зариф Ализода дархост оид ба вохӯрӣ ирсол кардааст. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» вакили дифои соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, 6-уми август Саидов тавассути маъмурияти боздоштгоҳ ба Ализода дархост фиристодааст. «Дар […]

Азия-Плюс


Соҳибкори шинохтаи тоҷик Зайд Саидов, ки айни замон дар боздошгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад, ба


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикитон


Зариф Ализода дархост оид ба вохӯрӣ ирсол кардааст.



Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» вакили дифои соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, 6-уми август Саидов тавассути маъмурияти боздоштгоҳ ба Ализода дархост фиристодааст.

«Дар рафти нишасти матбуотии худ Ализода гуфт: «аз вохӯрии охирони ман бо Зайд Саидов бармеояд…», ки аз суханони ӯ чунин ба назар мерасад, ки ӯ пайваста Саидовро хабар мегирад.  Аммо дар асл чунин нест ва Ализода бо соҳибкор танҳо як маротиба, пас аз панҷ рӯзи дастгиршавиаш вохӯрда буд», – қайд кард Табаров.

Ба гуфтаи ӯ, З. Саидов аз ваколатдор хоҳиш дорад, ки дар вохӯрии бемаҳдудияташ бо вакилони мудофеъ бидуни иштироки нафаре мусоидат кунад.

Табаров дар робита ба саломатии боздоштшуда гуфт, ки Саидов то ҳол аз дарди меъда ва набудани кумаки касбии тиббӣ шикоят дорад. Ҳамчунин ба гуфтаи Табаров, соҳибкор дар бегуноҳии худ устувор аст ва умедро ба тафтишоти холисона аз даст надодааст.

Ёдовар мешавем, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикитон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотие, ки 31-уми июл баргузор гардида буд, гуфт, ки вакилони дифои Зайд Саидов мушкиле дар дастрасӣ ба зерҳимояи худ надоранд ва ба ҷуз ин аз ҷониби худи боздоштшуда ҳам дар робита ба ин шикояте нашудааст.

Зимнан намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мактуби кушоде ба номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нашр карданд ва хоҳиш намуданд, ки дар нисбати Зайд Саидов раҳму шавқат раво дида шавад ва вазъият ба ҳадди эътидол расонда нашавад.

Мактуб 6-уми август дар шабакаи интернетии Facebook нашр гардида, зери он замони пахши хабар зиёда аз 40 нафар имзо карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасониро ба мусофирон ва афзоши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.