Э.Раҳмон сокинони кишварро дар иди Фитр ба шукргузорӣ ва сарфакорӣ даъват мекунад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони шаҳрвандон оромиву осоиш, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу намуд. «Ҳар яки мо, ки худро пайрави ҳамин дини поку мубин меҳисобем, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ободиву оромӣ, рушди устувор ва барои […]

Азия-Плюс


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони шаҳрвандон оромиву осоиш, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу намуд.



«Ҳар яки мо, ки худро пайрави ҳамин дини поку мубин меҳисобем, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ободиву оромӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ орзу кунем. Ва аз даргоҳи Худованд талаб намоем, ки то рамазони дигару иди оянда мардуми шарифи моро дар паноҳи хеш нигоҳ дорад», – мегӯяд раисҷумҳур.

Э.Раҳмон қайд мекунад, ки дар шароити озоди давлати демократӣ сокинони кишвар имкон доранд, ки паҳлуҳои нодиру созандаи ин рӯзи саидро, ба хусус доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватан рангу таровати тоза бахшанд.

Ӯ ҳамчунон шаҳрвандонро ба шукргузорӣ аз неъмат ва қадршиносӣ аз дастовардҳо даъват кардааст.

«Бузургтарин неъматҳои мардум ва давлати мо, ки албатта сазовори ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллист, зеро маҳз ба туфайли онҳо халқи Тоҷикистон озодии эътиқод ва баргузории озодонаи иду маросимҳои мардумӣ ва динӣ, инчунин имконияти заҳмати созандаро ба хотири ободии Ватан ба даст овард», – мегӯяд президент.

Ӯ таъкид мекунад, ки дар ин рӯзи муборак низ мардум сарфаю сариштакор бошанд, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накӯкорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.