Сайри датсрасии инфраструктура дар шаҳри Душанбе барои шахсони дорои маълулият

«Коалитсияи созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои одамони дорои маълулият барои ба тасвиб расонидани Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият» дар якҷояг бо ЮНИСЕФ 7 август чорабинии «Сайри дастрасӣ дар шаҳр»-ро мегузаронанд, ки он дар мувофиқат бо лоиҳаи Душанбе шаҳри амну дӯстӣ доир мегардад.  Тавре созмондиҳандагони чорабинӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи асосии ин сайр ҷалб намудани […]

Азия-Плюс


«Коалитсияи созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои одамони дорои маълулият барои ба тасвиб расонидани Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият» дар якҷояг бо ЮНИСЕФ 7 август чорабинии «Сайри дастрасӣ дар шаҳр»-ро мегузаронанд, ки он дар мувофиқат бо лоиҳаи Душанбе шаҳри амну дӯстӣ доир мегардад. 

Тавре созмондиҳандагони чорабинӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи асосии ин сайр ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи мушкилоти дастрасии инфраструктураҳо барои маъюбон аст. Ҳамзамон дар рафти он таҷрибаи он мутахассисоне, ки худ дорои маълулият мебошанд, омӯхта мешавад.

«Дар ин чорабинӣ мушовири калон оид ба масъалаҳои кӯдакони дорои маълулият, гендер ва ҷалби чомеаи дафтари марказии ЮНИСЕФ Росанжела Бермен Байер, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои одамони дорои маълулият ва намояндагони ВАО ширкат меварзад. Ин гурӯҳ биноҳои гуногуни шаҳрро дар робита ба дастрасии онҳо меозмоянд, аз ҷумла атрофи Фурӯшгоҳи марказии Душанбе (ЦУМ), Китобхонаи миллӣ, марказҳои тиббии интихобшуда, мактабҳо, биноҳои маъумурӣ ва дигар биноҳои шаҳри Душанбе», – мегӯяд сарчашма.

Қайд мегардад, ки чорабинии мазкур дар доираи Форуми чоруми Осиеи Марказӣ оид ба ҳифзи кӯдак созмон дода шуд, ки дар рафти форуми мазкур ба мавзӯи «эҷоди низоми инклюзивӣ ва хизматрасониҳо барои кӯдакони дорои маълулият (маъюб) дар мувофиқат бо Конвенсияи Ҳуқуқи одамони дорои маълулият» таваҷҷӯҳи хоса дода шуда буд. Дар форум, к ибо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 1-ум то 3-юми август доир гашта буд, намояндагони олимақоми тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, намояндагони созмоҳои одамони маълулиятдошта ширкат варзиданд.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.