Хуршед Мирзоев муовини аввали раиси ФФТ интихоб шуд

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -



Хуршед Мирзоев муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Чунин қарор 9-уми август дар рафти конфаронси навбатии ФФТ қабул гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, мавсуф  дар ин вазифа  Валерий Турсуновро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш рафтааст, иваз намуд.

- Advertisement -

Зикр карда мешавад, ки дар конфаронси мазкур ба Валерий Турсунов унвони “Корманди фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон” супурда шуд.

Хуршед Мирзоеви 29-сола, ки ҳамчунин узви Кумитаи иҷроияи ФФТ аст, аз ин пеш, моҳи феврали соли гузашта раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе буд. 

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы