Зарифӣ нусхаи эътимодномаи сафири нави ҶФО-ро пазируфт

Чанде қабл вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ сафири навтаъини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грэнро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома, сӯҳбати вазир бо сафир баргузор гардид. Дар рафти он Зарифӣ сафирро хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки […]

Азия-Плюс



Чанде қабл вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ сафири навтаъини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грэнро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома, сӯҳбати вазир бо сафир баргузор гардид. Дар рафти он Зарифӣ сафирро хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки сафири кишвари дӯст барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар мавзӯи ҳамкориҳо дар соҳаи об, ки масъалаи мубрами рӯз аст, мубодилаи афкор намуданд. Рушди ҳамгироии минтақавӣ ва дурнамои вазъият дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи қувваҳои эътилофи зиддитеррористӣ аз ин кишвар дар соли 2014 низ мавриди табодули назари ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.